Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид

Сентябрь 18, 2025 11:22

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд.

Тавре Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни вохӯрӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон иброз намуданд, «бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд».

-Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе чорабиниҳои муҳимми сатҳи баланд доир ба обу иқлим баргузор шуда, дар доираи онҳо қатъномаю қарорҳои дахлдори байналмилалӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 90 давлати дунё, роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид,- афзуданд Сарвари давлат.

Иброз гардид, ки дар ҳуҷҷати асосии конфронси мазкур, яъне Қатъномаи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид байни кишварҳои аъзо паҳн гардид, зарурати ба рӯзномаи глобалӣ ворид намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо, идомаи Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари маблағгузорӣ дар ин самт таъкид шудааст.

Бо ин мақсад дар ҳошияи конфронс Бонки Осиёии Рушд ва Фонди «иқлими сабз» таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» барномаи нави минтақавиро ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллар муаррифӣ намуданд.

Қарор аст, ки барнома дар Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистон амалӣ гардад.

                  АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 18, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд