Бохтар моҳи ноябр мизбони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мегардад
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 ноябри соли 2025 маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар мизбони яке аз чорабиниҳои муҳими иқтисодӣ — Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти бозорҳои содиротӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мебошанд.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» инчунин дар мавзуи «Имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар» панел гузаронида мешавад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ташаббускорони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар шаҳри Бохтар мебошанд.
Интизор меравад, ки дар доираи форум байни корхонаю ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ созишнома ва санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






