БОЗИҲОИ III КИШВАРҲОИ ИДМ. Дастаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол тими Қирғизистонро шикаст дод

Сентябрь 29, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол тими миллии наврасони то 16-солаи Қирғизистонро шикаст дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз шаҳри Габалайи Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Габалай баргузор шуда, бо ҳисоби 7 бар 1 ба фоидаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз 10 рӯз давом карда, дар он 2400 нафар аз кишварҳои Иттиҳод, ҳамчунин Туркия, Покистон, Уммон, Куба ва Кувайт иштирок менамоянд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 142 варзишгар дохил мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд