Дар Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 2000 МВт афзоиш ёфта, ин дастоварди беназир барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Ин нукта зимни ҷамъомади тантанавӣ дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода доир ба аҳамияти ин санаи тақдирсоз, хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва тақкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ рамзи шарафу озодӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик мебошад. Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастовард буда, бо талошу ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони бисёр ҳассосу сарнавиштсоз пояҳои Истиқлоли давлатӣ ҳифз гардида, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат таъмин гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат соҳаи энергетика низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ҳозирин даъват шуданд, ки ҳамчун фарзандони ватандӯст дар рушду шукуфоии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошта, пояҳои истиқлолу озодиро тақвият бахшанд ва арзишҳои миллиро гиромӣ доранд.
Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба муҳтаво, арзишҳои сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ ва хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандони Агентии назорати давлатии энергетикӣ барои меҳнати софдилона, содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи энергетика, иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ дар самти назорати давлатии энергетикӣ ва бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Агентӣ ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд






