Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи мамлакат, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст.
Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду нумуи соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ривоҷу равнақ бахшида, анъанаҳои ниёгонамонро дар бораи ҳамбастагии илму сиёсат эҳё намуданд. Ва бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кору зиндагӣ мунтазам бо олимону зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқоти судманд доир намуда, андешаҳои ин қишри ҷомеаро дар ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо иқдоми Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо мунтазам ба нашр расиданд.
Таҳияи бузургтарин асарҳои мондагори мутафаккирони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оилаи ҷумҳурӣ эҳдо намудани ин шоҳасарҳо бузургтарин ва мондагортарин кори Пешвои миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҷумҳурӣ мебошад.
«Барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳо ба номи шахсиятҳои баруманд ва шинохтаи таърихӣ мавриди корбарӣ қарор дода шуданд. Мисоли ин танҳо барои олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмӣ бо он қадршиносӣ карда мешаванд. Муқаррар намудани иловапулӣ ва стипендияи доимӣ барои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади дастгирии олимони тоҷик муҳимтарин иқдоми Ҳукумат дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон нисбат ба рушди илми тоҷик ва дастгирии олимон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд буда, дар натиҷаи чунин сиёсати илмпарварона имрӯз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба боргоҳи бузурги илму маърифат на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар тамоми минтақа табдил ёфтааст.
Дар ҳамин раванд дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 олим бо мукофотҳои давлатӣ ва 2 олими ҷавон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сафароз гардонида шуданд.
«Аз ин рӯ, мо олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки имрӯз беш аз пеш дар атрофи шахсият ва сиёсати хирадмандона ва илму маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем. Тамоми неруи ҷисмонию маънавиямонро ба ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ равона сохта, дар таъмини фардои ободу озоди Тоҷикистон саҳми бештар гузорем. Ин ҷашни муқаддасу фархунда барои мардуми сарбаланди тоҷик нишони арҷгузории амиқ ва самимӣ ба бузургону қаҳрамонони миллат аст, ки барои озодиву истиқлол ва ҳуқуқи мустақилона муайян намудани сарнавишти халқи тоҷик мубориза бурдаанд», — гуфт Дилрабо Мансурӣ
Дар фарҷом аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба олимону кормандон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд






