Дар доираи амалиёти «Тасмаи бехатарӣ — муҳофизи шумо» беш аз 6 ҳазор қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 25 сентябр дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ — муҳофизи шумо» гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он 6138 қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Амалиёт бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат гузаронида шуд.
Зимни гузаронидани ин амалиёт кормандони милитсияи ҷумҳурӣ ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонбин Ҳакимзода иброз дошт, ки мувофиқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ронандаи воситаи нақлиёт уҳдадор аст, ки ҳангоми ҳаракат тасмаи бехтариро бандад ва то даме, ки аз ҷониби мусофири дар курсии паҳлуи ронанда нишаста тасмаи бехтарӣ баста нашавад, воситаи нақлиётро ба ҳаракат надарорад. Ин яке аз талаботи асосӣ ва уҳдадории ҳар ронанда, новобаста аз воситаи нақлиёти ӯ ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир вазъи садаманокӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт боиси ба ҳалокат расидани ронандагон ва мусофирони воситаҳои нақлиёт ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегарданд.
«Дар ин замина ҳангоми таҳлили садамаҳои роҳу нақлиёт аён мегардад, ки дар аксар садамаҳои рухдода ронандаҳо ва мусофирон тасмаи бехатариро истифода набурдаанд. Ин беаҳамиятӣ сабаби ҳалокат ва маъюбшавии баъзе аз мусофирон мегардад», — баён дошт Ҷаҳонбин Ҳакимзода.
Ба гуфтаи мутахассисон, тасмаи бехатарӣ ҳангоми садама каме дароз мешавад, ба ин васила энергияи кинетикии ронанда ва мусофирро аз худ карда, ҳаракати онҳоро боз медорад.
Тибқи муқаррароти моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди истифода накардани тасмаи бехатарӣ қонунгузорӣ таҳримҳои маъмурӣ пешбинӣ мекунад. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ, иншоот ё молу мулки дигар гаштааст, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гардидааст, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати то шаш моҳ таъйин карда мешавад.
Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст. Мутаассифона, баъзе ронандаҳо аҳамияти тасмаи бехатариро нодида гирифта, танҳо дар ҳолати мушоҳида кардани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар айни замон дар мавзеъҳое, ки камераҳои мушоҳидавии роҳ насб гардидаанд, онро дарҳол барои ҷарима нашудан мебанданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд






