Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд

Сентябрь 30, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати раёсати донишгоҳ Шурои нави диссертатсионии 6D.KOA-100 муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  Убайдулло Асрорзода аҳамияти таъсиси чунин сохторро дар рушди илми миллӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар рушди илм ва маориф ёдовар шуд.

Намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ  иброз намуданд, ки таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ қадами муҳим дар таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳо дар самтҳои илми иқтисодӣ ва идоракунӣ мебошад. Аъзои Шуро  барои саҳмгузорӣ дар рушди илм, дастгирии олимони ҷавон ва таъмини сатҳи баланди экспертизаи илмӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар таҳкими нуфузи илмии донишгоҳ саҳми арзанда гузошта, барои омода намудани олимони ҷавону мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

  АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд