Дар Душанбе ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Сентябрь 17, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва роҳбарони ташкилоти асосии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниҳоди  хеле муътабар буда, дар густариши ҳамкорӣ байни мамлакатҳо нақши бузург дорад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ  гуфт, ки ташаккул додани робитаҳои фарҳангӣ байни мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар таърих саҳифаи нав боз мекунад. Зеро фарҳанг дар муттаҳидсозии миллатҳо нақши муҳим мебозад. Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Инчунин рушди фазои умумии башардӯстона, ки соҳаи фарҳанг ҷузъи муҳими он мебошад, аз авлавияти асосии Иттиҳод мебошад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки муносибатҳои фарҳангӣ яке аз бузургтарин шакли робитаҳо байни миллатҳо буда, дар бисёр маврид мушкилоти мавҷударо бо ҳамкории фарҳангӣ  баррасӣ менамоянд.

Дар ҷаласа иштирокдорон фаъолияти ташкилоти асосии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2024-2025, нақшаи корӣ барои соли 2026, омодасозии лоиҳаи чорабиниҳо барои солҳои 2026-2028, гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Иттиҳод дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Лачини Ҷумҳурии Озарбойҷон «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2025 интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» эътироф гардида буд. 21 марти соли 2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангӣ ва маросими эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» доир шуда, Сертификати он ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида шуд.

Дар ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз гардид, ки бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шаҳрҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун анъана ҳар сол  як шаҳр «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» эълон мегардад.

Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми масъули ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни давлатҳои аъзои Иттиҳод мебошад. Вазифаҳои асосии он тартиб додани барномаҳои фарҳангӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои ҳамаҷониба ва созишномаҳои байналмилалӣ мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд