Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба муносибати Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ- 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иброз намуд, ки имсол 34 сол пур мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати соҳибистиқлол умр ба сар мебарад.
«Бо шарофати ин неъмати бебаҳо Тоҷикистон дар роҳи давлатдорӣ, давлатсозӣ ва ободии Ватан ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва сарнавиштсоз мебошад. Бо шарофати ин сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми соҳаҳои мамлакат, бахусус бахши сохтмон дар пешравӣ қарор доранд»,-баён дошт раиси Кумитаи меъморӣ.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба бузургдошти рӯзи таърихӣ- ҷашни миллии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Изҳор гардид, ки сол аз сол дар сатҳи олӣ таҷлил гардидани Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтан шаҳодати он аст, ки мазмуну муҳтаво ва аҳамияти он чӣ қадар бузургу беҳамто гардидааст ва онро ҳар кадоми мо бояд қадршиносӣ намоем.
«Истиқлолият ихтиёрро ба дасти миллат дод, то дар раванди давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақилона амал намояд ва тамоми мушкилоту норасоиҳоро бартараф созад. Хушбахтона, зери сарварии Пешвои миллат ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазоронсолаи хеш расид. Аз ин лиҳоз мебояд, ки ҳар фарди солимақл қоидаву қонунҳоро риоя намуда, ба касбу кори худ ва ба дараҷаи талаботи ҷаҳонӣ аз худ кардани тахассуси интихобкардааш машғул шавад, барои беҳбуди зиндагии аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, мутахассисони бомаҳорату донишманд ва шахсияти хушодобу хушахлоқ, созандагони сазовори ҳаёти ояндаи ҷомеа шудан азму талош варзад»,-гуфт Маликшо Неъматзода.
Дар фарҷом як зумра кормандон барои саҳми арзанда, комёбӣ ва дастовардҳои назаррас бо медал ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд






