Дар Маркази илмии Хуҷанд ду озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду озмоишгоҳи наву замонавии «Биотехнология ва биофизика» ва «Физика ва нанотехнология» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Озмоишгоҳҳо бо 20 номгӯй техникаю технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки минбаъд барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқони марказ хизмат менамоянд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода изҳор намуд, ки «сармоягузорӣ ба рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва зеҳни сунъӣ омили ягона ва асосии ба тамоюли ҷаҳонӣ ворид гардидан ва таъмини корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо равандҳои технологии рақобатпазир маҳсуб мешавад».
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид






