Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ майдончаи варзишии замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Уктамҷон Алматов сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иншоот дар асоси талаботи лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Истифодаи чунин майдончаҳо на танҳо ба беҳтар шудани саломатии аҳолӣ, балки баланд шудани маърифати варзишӣ ва ҷалби ҷавонон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда, ҳар манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳотро таъмиру таҷдид ва тоза намуда, неруи барқро дар мавсими зимистон самараноку оқилона истифода баранд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






