Дар ноҳияи Айнӣ 8 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 28, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ 8 синфхонаи иловагӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Қаблан бинобар маҳдудияти инфрасохтори таълимӣ хонандагони синфҳои болоӣ маҷбур буданд таҳсилро дар муассисаи таълимии маркази деҳа идома диҳанд. Бо таъмин гардидани синфхонаҳои иловагӣ хонандагон метавонанд дар ин муассиса таҳсил куннад.

Таъмини шароити мувофиқи таълимӣ дар дурдасттарин деҳоти мамлакат, аз ҷумла мавзеи Дашти Мохак гувоҳи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва ояндаи насли наврас мебошад.

Дар назар аст, ки дар оянда дар назди муассиса майдончаи варзишии замонавӣ бунёд карда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд