Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 60 хонандаи ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим гардид

Сентябрь 2, 2025 11:22

РӮДАКӢ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи дониш ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид, ки зимни он ба 60 нафар ятимону кӯдакони ниёзманд либосҳои мактабӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Зимни тақдими туҳфаҳо иброз гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва таъмини шукуфоию пешрафти насли наврас мебошад. Роҳбарияти мамлакат ҳамеша нисбат ба ятимону камбизоатон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро танҳо намегузорад, то худро ятим ё бепарастор эҳсос накунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 2, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид