Дар ноҳияи Шаҳристон фермаи калони чорвопарварӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯраев фермаи калони чорвопарварӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Иншоот дар 6 гектар сохта шуда, дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ барои парвариши 1000 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ, 500 сар гов ва аспҳо хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки чорвои зотӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли шир ва гӯшти босифат заминаи устувор фароҳам оварда мешавад. Парвариши аспҳои зотӣ низ ба самти муҳими фаъолияти ферма табдил меёбад, ки ин ба рушди варзиш ва сайёҳии аспсаворӣ мусоидат менамояд.
Бо ташаббуси соҳибкор Анорқул Ҷӯраев дар деҳаи Ободӣ сохтмони кӯдакистон барои 400 нафар идома дорад. Дар назар аст, ки кӯдакистон то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра ба истифода дода шавад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, сокинон талош доранд, ки ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои шоиста пешвоз гиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






