Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин ба зарурати тақвияти ҳамоҳангӣ ва тавсеаи ҳамкории амниятӣ байни кишварҳои аъзои СААД дар самти мубориза бо таҳдидҳои афзояндаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ишора намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзо масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






