Дар Остона иҷлосияи XXVIII Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ доир гардид

Сентябрь 29, 2025 10:56

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иҷлосияи навбатии Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин доир гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланди соҳаи геология ва кӯҳкорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Саридораи геология ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосия аъзои Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, инчунин Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар иҷлосия дар бораи фаъолияти Шурои байниҳукуматӣ дар давраи солҳои 2024-2025 гузориш пешниҳод шуда, ба дурнамои тавсеаи ҳамкории хадамоти геологии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҳалли мушкилоти нави геологӣ дар шароити дигаргунсозиҳо ва рушди босуръати соҳа, инчунин самаранок истифода бурдани пойгоҳи маъданҳои фоиданоки кишварҳои аъзои Иттиҳод таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аъзои Шуро дар бораи натиҷаҳои кори хадамоти геологии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин давра-аз  сентябри соли 2024 то сентябри соли 2025 оид ба иҷрои қарорҳои иҷлосияи XXVII Шурои байниҳукуматӣ, инчунин татбиқи Нақшаи дурнамои корҳои муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2030 маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа оид ба усулҳо ва равишҳои муосири иктишофи геологии минтақавӣ ва харитасозии геологӣ, татбиқ ва рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ дар соҳаи иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ, самтҳои ояндадори ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи иктишофи геологии ашёи хоми карбогидрид, ҷалби ҷавонон ба соҳа, ҳифзи мероси геологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ маърузаҳо шунида шуданд.

Аъзои Шурои байниҳукуматӣ масъалаҳои мубрами рушди соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо қарори иҷлосия сардори шуъбаи байналмилалии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимшо Аслонзода бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд.

Тибқи Низомнома дар бораи Шурои байниҳукуматӣ вазифаи раиси Шурои байниҳукуматӣ ба раиси Кумитаи геологияи Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Акбаров супорида шуд.

Иҷлосияи навбатии XXIX Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин соли 2026 дар Ҷумҳурии Беларус доир мегардад.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2025 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад