Дар Панҷакент бинои 11-ошёна мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бинои хуштарҳи баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Бино аз 11 ошёна иборат буда, онро ширкати сохтмонии «Сабрсохтмон»-и соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нуъмон Шафиев бунёд кардааст. Бино аз 67 ҳуҷраи ду, се ва чорхонагӣ иборат буда, дар ду қабати аввали он нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар бахши Бонки тиҷоратии «Ҳумобонк», маркази тафреҳи кӯдакон, мағозаҳои хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ, ки дар ду ошёнаи аввали бино ва таҳхонаи он ҷойгир шудаанд, қариб сад ҷойи кор таъсис дода мешавад.
Бино бо лифт, хати об ва дигар инфрасохтори меъёрӣ барои биноҳои баландошёна муҷаҳҳаз гардонида, саҳн ва роҳи пиёдагарди назди он сафолакпӯш карда шудааст.
Дар маҷмуъ, ҳоло дар шаҳр бунёди беш аз 40 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ идома дорад. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 иншоот ба истифода дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






