Дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт

Сентябрь 2, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ санги асоси сохтмони Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» дар шаҳраки Зарафшон-2 бунёд меёбад.

Тибқи лоиҳа, Парчам дар баландии 30 метр парафшон карда мешавад. Майдони он бо фаввораҳои зебо, гулгаштҳо ва нишастгоҳҳо оро ёфта, ба яке аз ҷойҳои ҷолибу дӯстдоштанӣ ва сайри шомгоҳии сокинон табдил хоҳад ёфт.

Дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони Майдони Парчами давлатӣ таъкид гардид, ки ҳамаи тадбирҳои ободкориву созандагӣ маҳсули талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз дар фазои сулҳ ва ваҳдату оромӣ имкон фароҳам омадааст, то дар гӯшаву канори мамлакат чунин иқдоми бунёдкорӣ амалӣ карда шаванд.

Солҳои охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдонҳо ва хиёбонҳои бо Парчами давлатӣ ороёфта бунёд гардиданд, ки эҳтирому арҷгузорӣ рамзҳои муқаддаси миллӣ мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 2, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид