Дар шаҳри Ал-Кувайт ангурҳои сернавъ ва хуштаъми тоҷикӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар доираи баргузории ҷамъомади корпуси дипломатии муқими Давлати Кувайт дар шаҳри Ал-Кувайт намоиши ангурҳои сернавъ ва хуштаъми тоҷикӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода зимни муаррифии ангурҳои ватанӣ таъкид намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши кишоварзии мамлакат, аз ҷумла токпарварӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар Тоҷикистон хоҷагиҳои махсуси токпарварӣ таъсис ёфта, ҳар яке аз онҳо ҳамасола аз 10 то 20 ҳазор тонна ангури аълосифат истеҳсол мекунанд. Иқлими мусоиди мамлакат шароити беҳтаринро барои парвариши навъҳои гуногуни ангур фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо бозори дохилиро таъмин намояд, балки маҳсулоти рақобатпазирро ба хориҷа содир кунад. Ҳамзамон истеҳсоли мавизҳои аълосифат низ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Меҳмонон дар ҷараёни зиёфат бо завқ ангурҳои тозаву болаззати тоҷикиро, ки рамзи замини ҳосилхез ва заҳмати марди деҳқон мебошанд, чашиданд. Таъм, таровату наҳкати ангур таваҷҷуҳи махсуси ҳозиринро ба худ ҷалб намуда, бисёриҳо иқрор шуданд, ки чунин меваи хушсифат ва комилан табиӣ дар қаламрави кишвари иқомат камёфт аст.
«Ин чорабинӣ на танҳо иқтидори кишоварзии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, балки фарҳанги меҳмондорӣ ва санъати суннатии токпарварии тоҷиконро низ бозтоб дод. Ҳузури меваи тоҷикӣ дар чунин минбарҳои байналмилалӣ далели он аст, ки мамлакати мо метавонад ба яке аз таъминкунандагони муҳимми бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёбад», — таъкид намуданд дар Сафорат.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт










Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






