Дар шаҳри Турсунзода 193 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода 193 синфхонаи иловагӣ барои 4 ҳазору 244 нафар дар як баст дар заминаи 17 муассисаи таълимӣ, инчунин 7 муассисаи томактабӣ барои 1012 кӯдак мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо устодонро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд. Ин нукта 1 сентябр зимни мулоқоти Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳр иброз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ташаббуси соҳибкорони босаховат ва Ассотсиатсияи падару модарон дар шаҳр сохтмони 379 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 28 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Изҳор гардид, ки Пешвои миллат маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок ва сарнавиштсоз эълон намуда, омӯзгоронро ба гузаштан ба низоми нави таҳсил ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳа ҳидоят намуданд. Зеро мактабу маориф дар ҳама давру замон пояи устувори ҷомеа ба ҳисоб рафта, тарбияи насли солимфикру соҳибмаърифат, созанда ва ватандӯст аз вазифаҳои асосии ин соҳа арзёбӣ мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






