Дар Вазорати адлия Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 6, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва роҳбарияту кормандони вазорат ҳамоиши идона доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муовини якуми Вазири адлияи Тоҷикистон Нигина Ализода иброз намуд, ки дар ҳақиқат истиқлолият поягузори оғози таърихи навин ва сарнавиштсози давлати тоҷикон мебошад. «Бо эълони истиқлолияти мамлакат саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғоз мегардад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаҳои дуру наздик тарҳрезӣ намуда, чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш меравад»,-гуфт Нигина Ализода.

Иброз гардид, ки истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин даставарди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода изҳор дошт, ки яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ- ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, идеяҳои пешқадами ҷамъиятию сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсию идеологиро дар худ таҷассум намуд.

Ба андешаи Зариф Ализода, ин ҳама муваффақият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Зеро истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки расидан ба истиқлолияти давлатӣ аз дастовардҳои бузург ва арзанда ба ҳисоб рафта, бузургтарин неъмати миллати тоҷик дар тамоми давраҳо мебошад. Тоҷикистон танҳо тавассути Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки қарнҳои дароз орзую омоли миллат маҳсуб мешуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд