Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатиро таҷлил намуданд

Сентябрь 29, 2025 18:21

ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки имрӯз таҳти роҳбарии дурбинонаи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар асоси сиёсати «дарҳои боз» ба як абзори муассир дар тақвияти давлатдорӣ, таҳкими мавқеъ ва пешбурди манфиатҳои миллии мамлакат  дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Дар ин радиф ҳамасола ноил шудани Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳим ва эътироф гардидани ташаббусҳои он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, самаранокии фаъолияти дипломатияи тоҷикро дар миқёси ҷаҳонӣ собит менамояд.

Бахшида ба ин рӯз як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ бо ифтихорномаю сипосномаҳо, медали хизмати шоистаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мансабу рутбаҳои дипломатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2025 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд