Дар Вена даври дувоздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Вена даври дувоздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австрия таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини мудири кулл дар умури сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Герҳард Зайллер баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар машваратҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, сайёҳӣ, амният инчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар соҳаи манбаъҳои неруи таҷдидпазир мубодилаи афкори созанда анҷом дода шуд.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.
Ҷонибҳо ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимом ибрози ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






