Дар Вена даври дувоздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир гардид

Сентябрь 15, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Вена даври дувоздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австрия таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини мудири кулл дар умури сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Герҳард Зайллер баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар машваратҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, сайёҳӣ, амният инчунин ба роҳ мондани ҳамкории  судманд дар соҳаи манбаъҳои неруи таҷдидпазир мубодилаи афкори созанда анҷом дода шуд.

Ҳамчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.

Ҷонибҳо ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимом ибрози ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд