Дар Вена масъалаи рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар шаҳри Вена бо ҳамоҳангсози Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳитизистӣ Бақит Ҷусупов мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ мавзуи рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар чаҳорчӯби ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба лоиҳаҳои марбутаи татбиқшавандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд






