Дар Ёвон маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти ноҳияи Ёвон дар майдони хоҷагиҳои пахтапарварии ҷамоати Норин бо ҷараёни ҷамъоварии пахтаи соли 2025 аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ ва дар суҳбат бо пахтачинҳо таъкид гардид, ки кишоварзон бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ ҳосили мавҷударо саривақт ва бе талаф ҷамъоварӣ намоянд, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтапарварӣ, дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ барои фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ муҳайё гардида, масъулияти ҳар як шахс дар рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бузург мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






