Доир ба истиқлол ва дурнамои рушди иҷтимоӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлол: дидгоҳ ва дурнамои рушди иҷтимоӣ» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар конференсия олимони варзида аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон равандҳои ташаккули давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ ва рушди иҷтимоӣ дар замони истиқлолро таҳлили ҳамаҷониба намуданд.
Иштирокчиён муҳимияти мавзуи истиқлолро дар замони муосир, бахусус дар шароити таҳдидҳои глобалӣ ва тағйирёбии сохтори геополитикӣ таъкид намуданд.
Иброз гардид, ки истиқлол танҳо мафҳуми сиёсӣ набуда, балки падидаи мураккаб ва бисёрҷабҳае аст, ки ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа- аз низоми давлатдорӣ то фарҳанг ва шуури миллиро фаро мегирад.
Таъкид гардид, ки ин гуна ҳамоишҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ мусоидат мекунанд, балки дар тарбияи насли нав дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ нақши муассир доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






