Доир ба нақши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими маориф ва рушди он конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими маориф ва рушди он»-таҳти ин унвон имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Иштирокдорони конференсия- ходимони давлатӣ ва муҳаққиқон масъалаҳои рушди соҳаи маорифро, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд, инчунин ташаккули илми тоҷик дар марҳилаҳои Истиқлоли давлатӣ ва барномарезиҳои Пешвои миллатро дар рушди неруи зеҳнӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф ва илму маърифат мебошад. Чунки таълиму тарбия ва сатҳи маърифатнокии ҷомеа пояи рушди давлатдорӣ, пойдории истиқлолият ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳазорҳо мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, муассисаҳои кӯҳна низ таъмиру навсозӣ гардиданд.
«Бо иқдоми Пешвои миллат дар соҳаи маориф тағйироти куллӣ ба амал омад, стандартҳои давлатии таҳсил навсозӣ шуда, барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд. Аз ҷумла, ба фанҳои дақиқ, технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷӣ ва барномаҳои касбомӯзӣ аҳамияти хосса дода шуд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Иштирокдорон баргузории чунин конференсияҳои илмиро мувофиқи мақсад ва самаранок шумориданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






