Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ конфронс баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Нахуст меҳмонони конфронс бо намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳ ва толорҳои намоишии осорхонаи он, инчунин комёбиҳои самти илм ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуданд.
Дар ҷараёни конфронс иброз гардид, ки «Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 9 сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълон намуд, вале солҳои аввали он пур аз мушкилиҳо ва хатарҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буданд. Дар ҳамин шароит ворид шудани шахсияти барҷаста- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба саҳнаи сиёсӣ дар наҷоти давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид».
Таъкид шуд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Маҳз роҳбарии оқилона ва сиёсати дурбинонаашон буд, ки Тоҷикистон тавонист аз вартаи ҷанг раҳоӣ ёбад, пояҳои давлатдории худро мустаҳкам намояд ва ба сӯи амният, субот ва рушд ҳаракат кунад. Ин дастовардҳо роҳро барои расидан ба ормонҳои миллӣ — ҷомеаи муттаҳид, давлати пешрафта ва мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамвор намуданд.
Дар анҷоми конфронс ба як зумра иштирокчиёни фаъол «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ











Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид






