Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти сайёҳӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 2, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия Александр Рибас вохӯрӣ  намуд, ки зимни он ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот раиси кумита оид ба афзоиши устувори ҳарсолаи ҷараёни сайёҳон аз Русия ишора намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин раванд дар оянда низ идома меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба зиёд шудани шумораи сайёҳон аз Федератсияи Русия, балки ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ бо ширкатҳои русӣ ва мубодилаи таҷрибаи мақомоти давлатӣ ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ низ манфиатдор аст.

Александр Рибас тамоюли ташрифи сайёҳон аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистонро истиқбол намуда, манфиатдории ҷониби Русияро ба таҳкими ҳамкорӣ тасдиқ намуд. Ӯ махсусан дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохториро дар ҳудуди Тоҷикистон таъкид кард.

Ба масъалаи баланд бардоштани шинохт ва муаррифии ҷозибаи нодири сайёҳии Тоҷикистон ва имконияти ташкили лоиҳаҳои муштараки расонаӣ бо ҷалби блогерҳо ва шахсиятҳои маъруфи рус низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар поёни мулоқот тарафҳо оид ба ҳамкории наздик барои  амалӣ намудани тавофуқҳои ҳосилшуда ва ташкили кори муштарак оид ба ҷалби доираҳои тиҷоратии Русия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд