ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Душанбе имконияти нави сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 17, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳти унвони «Тағйир додани иқтисодиёт тавассути сармоягузории стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар форум беш аз 50 намоянда аз 22 кишвари ҷаҳон иштирок намуд.

Дар расми ифтитоҳи форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода, Вазири сайёҳии Черногория-Раиси Комиссияи туризми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо хонум Симонида Кордич, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ва Директори Аврупо оид ба туризми Созмони Милали Муттаҳид хонум Кордула Вулмутер иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба меҳмонон ва иштирокчиён дар мавриди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат гуфт, ки Тоҷикистон дорои пиряхҳои бузург, обҳои мусаффо, дарёҳои сероб ва манзараҳои биҳиштосое мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб намудааст.

«Роҳи абрешими бузург аз қаламрави мо мегузарад, он дорои садҳо ёдгориҳои таърихию меъморӣ буда, сайёҳон ҳангоми саёҳат тавассути ин роҳ бо ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон шинос мегарданд. Ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои миллӣ ва меҳмоннавозии халқи тоҷик ба ҳар сайёҳ таассуроти нек мебахшад. Ҳамин аст, ки имрӯз сайёҳон ба мамлакати мо бештар сафар мекунанд», — баён дошт Ҳоким Холиқзода.

Дар форум изҳор шуд, ки самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ ислоҳоти муҳим амалӣ гардид. Дар ин замина дар мамлакат субъектҳои хизматрасонӣ соҳаи сайёҳӣ зиёд гардида, шумораи осорхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, ҳостел, мотел ва меҳмонхонаҳо ба маротиб афзоиш ёфт. Имрӯзҳо бунёду таҷдиди иншооти гуногуни сайёҳӣ ва дигар инфрасохтори соҳа босуръат идома дорад, ки он ба рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

Вазири сайёҳии Черногория — Раиси Комиссияи туризми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо хонум Симонида Кордич баргузории чунин форумҳоро дар сатҳи байналмилалӣ марҳилаи сарнавиштсоз барои соҳаи сайёҳии ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

Ба иттилои Симонида Кордич, ҳиссаи сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ беш аз 3,5 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин 30 фоизи савдои ҷаҳонӣ ба соҳаи сайёҳӣ рост омада, ҳаҷми даромад аз хизматрасониҳои сайёҳии байналмилалӣ ба 1,6 триллион доллари амрикоӣ расидааст.

«Барои Маҷмуи маҳсулоти дохилии бисёр давлатҳо сайёҳӣ нақши хеле муҳим мебозад. Дар баъзе кишварҳо ҳиссаи сайёҳӣ зиёда аз 30 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ин ҳама имконияти нав фароҳам меорад, ки барои маблағгузорӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи таъмини амният ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ мусоидат намояд», — баён дошт Вазири сайёҳии Черногория — Раиси Комиссияи туризми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо хонум Симонида Кордич.

Дар форум созмонҳои бонуфуз, ширкату ассотсиатсияҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ даъват карда шуданд, ки ҳамкории судманди рушди соҳаи сайёҳии давлатҳоро тақвият диҳанд.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баргузории чунин форумҳо дар муаррифии имконоту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун давлати бахши саёҳаташ дар ҳоли рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузорад. Он ҳамзамон табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, имконияти сармоягузориро муаррифӣ мекунад.

Зимни форум якчанд санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмонон ва иштирокчиёни форум ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон хатсайри сайёҳӣ ташкил намудааст. Зимни он меҳмононро рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Меҳмонон 18 сентябр дар дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) иштирок намуда, бо ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳию фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат аз наздик шинос мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Баргузории Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ ба мустаҳкам кардани мавқеи давлат байни мамлакатҳои аъзо, ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва амалишавии самараноки марҳилаи сеюми «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба ҷалби сармоя равона гардидааст, мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд