Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:

***

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуматонро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлол сидқан табрику таҳният мегӯям ва таманниёти беҳтарини инҷонибро мерасонам.

Мо аз комёбиҳое, ки дар Тоҷикистони бародар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба даст омадаанд ва ҳамзамон аз афзоиши обруву эътибори байналмилалии кишваратон шодем.

Сатҳи баланди имрӯзаи муносибатҳо миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба эҳтироми амиқ ва эътимоди мардумони мо ба ҳамдигар вобаста аст. Боиси хушҳолӣ аст, ки равобити байнидавлатии мо дар асоси ҳамин иродаи муштарак пайваста дар самти афзоиш рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.

Ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар сатҳи олӣ ба мушоҳида мерасад, барои густариши муносибатҳои мо дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоварад. Иштироки Шумо дар Нишасти 17-уми сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ дар Ханкендӣ барпо гардид ва мулоқотамро бо Шумо бо таассуроти хеле гуворо ёд мекунам.

Итминон дорам, ки мо бо истифода аз имконоти мавҷуда бо талошҳои муштарак ба рушди муносибатҳои дӯстона миёни Озарбойҷону Тоҷикистон ва густариши минбаъдаи фаъолияти ҳамоҳангамон даст хоҳем ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии комил, саодатмандӣ, дар корҳоятон муваффақият, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳи доимӣ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

***

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Ҷумҳурии Беларус ва шахсан аз номи ман табрикоти самимиро ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон бипазиред.

Кишваратон таҳти роҳбарии Шумо натиҷаҳои таассуротбахшро дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини суботи минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ нишон медиҳад.

Минск муносибатҳои мустаҳками Белорус ва Тоҷикистонро, ки бар гузаштаи таърихии муштарак, эҳтироми ҳамдигарӣ ва саъю кушишҳои якҷоя баҳри сулҳу шукуфоӣ асос ёфтаанд, қадр мекунад.

Дӯстии бисёрсола ва муколамаи эътимодбахши моро баланд арзёбӣ менамоям. Итминон дорам, ки кори самарабахши муштарак минбаъд ҳам ба афзоиши суръати ҳамкории байнидавлатии мо дар ҳама арсаҳои тамосҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дастовардҳои навин, ба мардуми Тоҷикистон саодатмандиву беҳрӯзӣ орзу менамоям».

Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус

***

«Ҷаноби Олӣ

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бароям боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ба Ҷаноби Олӣ табрикоти ниҳоят самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям ва ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу хушбахтӣ, ҳамчунин ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоии пойдор орзу намоям.

Лутфан, табрикоти самимӣ ва миннатдории маро бипазиред».

Шайх Муҳаммад Бин Заид Ал-Наҳаян, Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

***

«Президенти гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Шарафмандам аз номи Малайзия Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон сидкан табрику таҳният намоям.

Малайзия муносибатҳои гарму дӯстонаи мутақобилаи моро, ки дар рӯҳияи арзишҳои муштарак ва ҳамкории пойдор бунёд шудаанд, баланд арзёбӣ менамояд. Ҳамчунон, Малайзия ҳавасманд ва ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, молияи исломӣ ва технологияҳои рақамӣ бо дар назар доштани манфиатҳои мутақобилаи мардумонамон мебошад.

Хоҳишмандам, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул фармоед».

Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим

***

«Ба Ҷаноби Олӣ

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли мамнуният салому паёми ниҳоят гарму самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.

Миср муносибатҳои барҷастаи дуҷонибаи худро бо Тоҷикистон, ки дар тули солҳо муваффақона рушд мекунанд, қадр мекунад. Бо истифода аз фурсат, мехостам таъкид намоям, ки мо ба рушди минбаъдаи талошҳои муштарак, ҳамоҳангсозӣ ва такмили механизмҳои ҳамкориамон дар соҳаҳои гуногун ба нафъи умумии ду мардуми дӯст манфиатдорем.

Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо беҳтарин таманниёт ва некӯаҳволӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва беҳбудии бардавом орзу дорам».

 Абдул-Фаттоҳ Ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср

***

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Бо камоли мамнуният ба Шумо табрикоти ниҳоят гарми инҷонибро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон арз менамоям.

Ман аз муносибатҳои мусбату мустаҳками ду кишвари мо хушҳолам ва ҳамкориҳои афзоишёбандаи миёни Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қадр мекунам.

Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам шахсан ба Шумо беҳтарин таманниёт, ҳамчунин, ба мардуми Тоҷикистон ояндаи саодамандро орзу намоям».

Александр Ван дер Беллен, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия

***

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед ба Шумо ва тамоми мардуми тоҷик ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол табрикоти самимии инҷонибро иброз намоям.

Метавонам Шуморо бовар кунонам, ки Венгрия ҷонибдори густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то имрӯз ташаккул ёфтаанд, мебошад. Итминон дорам, ки ба шарофати талошҳои муштараки кишварҳоямон мо метавонем дар ояндаи наздик дар самти ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои навро рӯйи кор бигирем.

Лутфан, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред».

Президнети Венгрия, Др. Шуйок Тамаш

***

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бароям ифтихор аст, ки шахсан аз номи худ ва аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Хорватия, табрикоти самимӣ ва орзуҳои пешрафту шукуфоиро ба Шумо ва мардуми кишваратон иброз намоям.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Хорватия ва Тоҷикистон минбаъд низ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати муштарак рушд карда, мустаҳкам хоҳанд шуд. Ман бар он ақидаам, ки таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳоямон аҳамияти махсус дорад.

Ҷаноби Олӣ, лутфан эҳтироми олии маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Хорватия Зоран Миланович

***

«Ҷаноби Олӣ, Бародари гиромӣ, Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Худованд ҳифзашои намояд,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳ,

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки бо шарофати фарорасии солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо ва тавассути Шумо ба ҳукумат ва мардуми дӯсти Тоҷикистон, табрикоти бародарона ва самимии худро ироа намоем.

Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳонем, ки ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақият ато фармуда, ба кишвари дӯст, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоии доимиро насиб гардонад.

Мо ин фурсатро ғанимат шумурда, бори дигар таъкид мекунем, ки ба равобити бародарона ва ҳамбастагии миёни мардумонамон арҷ мегузорем. Ҳамчунин, сипоси амиқи худро барои мавқеи устувори Шумо дар пуштибонӣ аз ҳуқуқи қонунии миллати мо дар роҳи озодӣ ва истиқбол баён медорем.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ, ғояти эҳтиромоти инҷонибро бипазиред».

Маҳмуд Аббос, Президенти Давлати Фаластин

***

«Ба Ҷаноби Олӣ

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ибтидои хизматам ҳамчун вориси Петри Муқаддас Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман имкони саодатмандона медиҳад, то ба Шумо орзуҳои самимонаи хушбахтӣ, оромиш ва шукуфоии инҷонибро, ки ман аз худованд барои мардуми Шумо мехоҳам, расонам.

Дар бунёди ҷомеа бигузор худованд ба тоҷикон илҳом бахшад ва кумак кунад, ки бо ҳам бародар бимонанд, шарафи ҳар як инсонро эҳтиром намуда, дар ҳаққи фақирон ғамхорӣ кунанд, тавоноии худро ба нафъи хидмати умум истифода намоянд. Ман, бо майли тамом, аз худованд барои Шумо, Ҷаноби Олӣ, онҳое ки масъули умури иҷтимоиянд ва ҳамаи шаҳрвандони кишваратон баракати илоҳиро хоҳонам».

Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV

***

Воридшавии паёму барқияҳои шодбошӣ ба номи Пешвои миллат идома дорад.

Сентябрь 8, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон фанҳои табиию риёзӣ бештар рушд намуданд
Дар Панҷакент бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сохта мешавад
МАОРИФ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Музди меҳнати кормандони ин соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд
Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод дар интихоби роҳи рушд мустақил бошад
Дар даврони истиқлоли миллӣ моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 1000 иншоот ба истифода дода шудааст
Истиқлоли давлатиро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем