«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳанд.
Соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.
Тибқи низомнома, имсол барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд гардид.
Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ хеле зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ ва барномасозӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






