ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо

Сентябрь 6, 2025 10:37

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басе пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.

Маҳз бо шарофати истиқлолият мо тавонистем раванди худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонем.

***

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.

***

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандӯстӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба Парчами Тоҷикистони азизи мо афрохта шуда, 1797 маротиба Суруди миллии давлати тоҷикон садо додааст.

***

Дар давраи истиқлолият барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба як миллиону 300 ҳазор оила, яъне ба зиёда аз 7 миллион нафар шаҳрвандон 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.

***

Дар замони истиқлолият теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ се баробар, шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ чор баробар ва номгӯи ихтисосҳое, ки дар мактабҳои олии мамлакат аз рӯи онҳо кадр тайёр карда мешавад, қариб чор баробар афзоиш ёфтааст.

***

Шукр кунед, ба Ватан ва давлату миллати худ содиқ бошед ва ифтихор намоед, ки мову шумо соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва аҳли башар моро ҳамчун миллати бостонӣ ва фарҳангию тамаддунсоз мешиносад ва эътирофу эҳтиром мекунад.

***

Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ талоши халқу давлатҳо, бахусус барои шинохт ва ҳифзи асолату ҳувият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва сирати иҷтимоиву маънавӣ авҷ мегирад.

***

Акнун ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад бо сарфарозӣ худро фарзанди миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ва соҳибдавлати тоҷик муаррифӣ карда, аз ватану ватандӯстӣ ва рамзу муқаддасоти миллии хеш — Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор намояд.

***

Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватан ва мардуми онро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшем.

***

Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ — Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.

***

Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи истиқлоли давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакат, ҳамчунин бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва пешгириву бартараф намудани онҳо сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат низ мукаммал гардид.

***

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо минбаъд низ истиқлолу озодии Ватан, марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо содиқона ва ҷавонмардона ҳифз намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи хеш бошарафона иҷро хоҳанд кард.

***

Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳалаи аввали истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро барои кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд.

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтор ва фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия пайваста такмил дода шуд.

***

Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Сентябрь 6, 2025 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз гардид
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав бинои хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Айнӣ 8 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд
Китоби «Сиёсатшиносӣ» — фарогири сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Левакант коргоҳи истеҳсоли хишт ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба истифода дода шуд
Роҳи Ҳисор-шаҳраки Айнӣ пурра мумфарш гардида, мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд