ИСТИҚЛОЛИЯТ ОРЗУИ ДЕРИНАИ ХАЛҚИ МОСТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо

Сентябрь 7, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро бунёд намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.

— Мо дар замони истиқлол ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудем. Вале чароғи маърифат дар сарзамини мо хомӯш нашуд, балки фурӯзонтар гардид.

***

Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд.

***

Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

***

Дар даврони истиқлолият баробари баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ мо суннат ва анъанаҳои миллии худро эҳё намудем ва барои арҷи бештар гузоштан ба онҳо шароити зарурӣ фароҳам овардем.

***

Ба шарофати истиқлолият мо инчунин дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузоштем.

***

Маҳз бо шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.

***

Истиқлолият дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад.

***

Зиёиёну донишмандон бояд хуб донанд, ки давоми таърих, пеш аз ҳама, аҳли донишу зиё дар орзу ва талоши истиқлолият будаанд.

***

Мо дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил эътибори ҷиддӣ додем ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем.

***

Академияи илмҳоро, ки ниҳоди асосии пешбарандаи илми ватанӣ мебошад, дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо ҳифз кардем, балки ба он мақоми баланди миллиро сазовор донистем.

***

…Ман дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ рушди илму маорифро ҳамчун самти муҳимтарин ва аввалиндараҷаи сиёсати давлат дастгирӣ менамоям.

***

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

***

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

***

…Агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи мамлакати тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт, ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд.

***

Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд.

***

Баъди ба даст овардани неъмати бузурги истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёдамон оғоз кардем.

***

Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Сентябрь 7, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд