Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ имсол беш аз 31 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд

Сентябрь 2, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 280 гектар пунбадона кишт намуданд, ки ҳоло дар аксар хоҷагиҳо маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи дурнамо, кишоварзон имсол 31 ҳазору 300 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Дар айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 10 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият дорад.

Хоҷагии деҳқонии «Сангин Қуддус»-и шаҳраки Бӯстон дорои 30 гектар замини кишоварзӣ мебошад, ки дар 25 гектари он пунбадона  кишт карда шудааст.

Аъзои хоҷагии деҳқонии «Сангин Қуддус» иброз доштанд, ки ҳосили имсола назар ба соли 2024 чанд маротиба зиёд аст, зеро навъҳои пахтаи «Ҷунтай» ва «ЭФ-52» мутобиқ ба иқлими минтақа интихоб гардида, кишт бо усули зери плёнка гузаронида шуд. Ин усули кишт назар ба тарзи маъмулӣ самаранокии бештар дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 2, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд