Китоби «Тоҷикон» ба забони туркӣ рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарҷумаи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба забони туркӣ рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аз хизматҳои шоистаи академик Бобоҷон Ғафуров дар муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон ба аҳли ҷаҳон ёдовар шуда, аз ташаббуси Вазорати фарҳанг барои тарҷума ва нашри ин асари мондагори таърихӣ изҳори сипос намуд.
Шоҳасари таърихии «Тоҷикон» ба забони туркӣ бо иқдоми муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар ва тарҷумон Насимҷон Давлатзода тарҷума ва дар матбааи «Бебок» ба чоп расидааст.
Дар ҷамъомад олимону донишмандон дар ростои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тарҷума ва нашри осори гаронарзиши нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷик ба забонҳои хориҷӣ изҳори хушҳолӣ намуда, онро падидаи муҳими илмӣ-фарҳангӣ дар фазои ҷаҳонишавӣ унвон намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?






