Китоби «Тоҷикон» ба забони туркӣ рӯнамоӣ гардид

Сентябрь 6, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарҷумаи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба забони туркӣ рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аз хизматҳои шоистаи академик Бобоҷон Ғафуров дар муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон ба аҳли ҷаҳон ёдовар шуда, аз ташаббуси Вазорати фарҳанг барои тарҷума ва нашри ин асари мондагори таърихӣ изҳори сипос намуд.

Шоҳасари таърихии «Тоҷикон» ба забони туркӣ бо иқдоми муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат  Сафар ва тарҷумон  Насимҷон Давлатзода тарҷума ва дар матбааи «Бебок» ба чоп расидааст.

Дар ҷамъомад олимону донишмандон дар ростои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба тарҷума ва нашри осори гаронарзиши нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷик ба забонҳои хориҷӣ изҳори хушҳолӣ намуда, онро падидаи муҳими илмӣ-фарҳангӣ дар фазои ҷаҳонишавӣ унвон намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид