МАХЗАНИ ДОНИШ ДАР ҲАР ХОНАДОН. Ба 63 ҳазор оилаи ноҳияи Рӯдакӣ асари безавол — «Шоҳнома» тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 63 ҳазор оилаи ноҳияи Рӯдакӣ 120 ҳазор китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тақдим карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.
Дар асоси иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид.
Тақсими ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат бояд ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат дастрас карда шавад, дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардид.
Тақдими туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14 ҷамоати ноҳия ба роҳ монда шуда, нахуст ба собиқадорон тақдим карда шуд.
Оилаҳое, ки китобро дастрас намуданд, зимни суҳбат бо аъзои гурӯҳи корӣ иброз доштанд, ки бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва пандномаи беназир барои омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик вориди хонадони мо гардид.
Масъулин таъкид карданд, ки ин шоҳасар дар роҳи тарбияи фарзандон барои омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад. Ҳар сокини бонангу ори ноҳия ин шоҳасарро бо ифтихори баланди ватандӯстӣ бояд мутолиа намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






