Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дарозии умумии роҳ 3,2 километр буда, паҳноии он 6 метрро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои ҳамворкунии роҳ пурра анҷом ёфта, корҳои асосии роҳсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.
Ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда, корҳои пудратиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» ба уҳда дорад.
Иброз гардид, ки дар вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садҳо иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд.
Тибқи иттилои масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Зафаробод, дар ноҳия 398 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мавҷуданд. То 20 сентябр дар ноҳия 6 километр роҳ пурра асфалтпӯш, 67 километр таъмири ҷорӣ ва 25 километр шағалпӯш карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






