Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид

Сентябрь 6, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Наталя Петкевич дар доираи сафари корӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко ва ҳайати ҳамроҳонашон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба  меҳмонон таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва саҳми ниёкони тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури мамлакат муаррифӣ карда шуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Наталя Петкевич аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо осори ниёгони тоҷикон изҳори хушҳолӣ карда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии  Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад