Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мутахассисони донишгоҳи Фрибурги Швейтсария дар пиряхи Якарча таҳқиқоти комплексии илмӣ гузарониданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, таҳқиқот аз 22 то 28 августи соли равон гузаронида шуда, зимни он бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизоти муосир корҳои саҳроӣ амалӣ гардиданд. Дар рӯи пирях рекаҳои аблятсионӣ насб карда шуданд, ки барои муайян намудани сатҳи обшавӣ ва ҳисоб намудани баланс-миқдор хизмат мекунанд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар баландии зиёда аз 3500 метр сатҳи пирях ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст. Ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад.
Дар минтақаи ғизогирии пирях, ки бояд ҳар сол захираи барф ва фирн ҷамъ шавад, моҳи август қариб ягон барфи доимӣ боқӣ намондааст. Ин ҳолат барои мувозинати миқдори пирях хеле нигаронкунанда мебошад, зеро маҳз барфи мавсимӣ таъминкунандаи асосии миқдор ва нигоҳдорандаи пирях ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар пирях сенсори ҳароратӣ (термистор) дар ҷуқурии то 15 метр насб карда шуд. Дар солҳои оянда аз рӯи маълумоти ин сенсорҳо таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба сохтори дохилии пирях мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Пиряхи Якарча, ки дар қаторкӯҳи Ҳисор ва ҳавзаи болообии дарёи Варзоб ҷойгир аст, яке аз пиряхҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин пирях на танҳо манбаи асосии ташаккули оби дарё мебошад, балки чун нишондиҳандаи муҳимтарини тағйирёбии иқлим хизмат мекунад. Дар даҳсолаҳои охир баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво ба раванди обшавии пиряхҳо суръат бахшида, дар мувозинати миқдори онҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.
Ҳамчунин давоми экспедитсия дар маҷрои дарёчаи Майхӯра, наздик ба забонаи пиряхи Якарча таҳқиқоти гидрологӣ гузаронида шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






