Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид

Сентябрь 18, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) — 2025 ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва дигар шарикони рушд ташкил карда шуд.

Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостонию асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд. Хусусан, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳа инфрасохтори мукаммали он беш аз пеш хизмат мерасонад. Ҳамин аст, ки аз шумораи умумии 761 ҳазору 391 сайёҳе, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 тавассути ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба мамлакат ворид шудаанд, тақрибан 60 дарсад ё 456 ҳазору 835 нафари онҳо ба шаҳри Душанбе омада, аз хизматрасонии сайёҳии он истифода бурдаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, Вазири сайёҳии Черногория ва Раиси Комиссияи сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо Симонида Кордич низ аҳамияти баргузории чунин намоишгоҳи муҳташамро барои рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд.

Намоишгоҳ имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори мамлакатро муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷиро афзоиш медиҳад.

Чунин намоишҳо ҳамкории байналмилалиро тақвият дода, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Пас аз ифтитоҳи намоишгоҳ меҳмонон бо имконияту зарфият ва молу хизматрасонии ширкатҳои иштирокчӣ шинос шуданд.

Ҳадафи намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Тасмим гирифта шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола дар пойтахти мамлакат баргузор карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе то 20 сентябр идома меёбад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид