Намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии онлайнӣ иштирок намуданд

Сентябрь 19, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагон ва хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар конфронси онлайнии байналмилалӣ таҳти унвони  «Кӯдакон дар бораи Ғалаба» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс намояндагони китобхонаҳои кӯдаконаи Федератсияи Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш хонандагон шеърҳо, ҳикояҳо ва қиссаҳоро дар мавриди қаҳрамониҳои фарзандони давлатҳояшон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қироат карданд. Хонандагони Тоҷикистон саҳми фарзандони миллати тоҷикро дар ин ҷанг таъкид намуданд.

Мақсади асосии конфронс бедор кардани завқи ватандӯстӣ ва пос доштани хотираи ҷанговарон дар қалби кӯдакон ва наврасон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки хотироти онҳо ҳамеша ҷовидонӣ буда,  ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

 АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид