Намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода таъкид намуд, ки чунин вохӯриҳо барои рушди маърифати сиёсӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён аҳамияти муҳим доранд. Академия ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тайёр намудани кадрҳои идоракунии давлатӣ масъул аст, ба тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Донишҷӯён бояд аз имконияти омӯзиш ва ҳамкорӣ бо институтҳои аврупоӣ самаранок истифода намоянд.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо хонум Ҷузеппина Принчи таваҷҷуҳи хоссаи Иттиҳоди Аврупоро ба соҳаи маориф ва рушди ҷавонон иброз намуд.
«Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дар самти таҳкими ҳамкории илмӣ-таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Академияи идоракунии давлатӣ иқдоми мушаххас ба роҳ монад»,-гуфт Ҷузеппина Принчи.
Дар мулоқот донишҷӯён ба саволҳояшон вобаста ба масоили рушди демократия, мубодилаи таҷриба, имконияти таҳсил дар давлатҳои аврупоӣ ва масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ҷавобҳои мушаххасу муфассал дарёфт намуданд.
Чунин вохӯриҳо барои тақвияти робитаҳои инсонӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ байни давлатҳо заминаи мусоид буда, дар таҳкими робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо нақши назаррас мебозанд.
Инчунин зимни мулоқоти роҳбарияти академия бо меҳмонон имконияти иштироки академия дар барномаҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар лоиҳаҳои таҳқиқотии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода, дар заминаи созишномаҳои оянда лоиҳаҳои мушаххас таҳия ва татбиқ гарданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






