Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Чин доир шуд, ки дар он Раиси Раёсати Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода иштирок намуд.
Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, форум ба рушди ҳамкории иқтисодии мамлакатҳои минтақаи Авруосиё равона гардид.
Дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ, конфронси молиявӣ, конфронс доир ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», конфронс доир ба рушди сармояи инсонӣ, ҳамоиш доир ба сармоягузорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд. Дар онҳо ҳамкории иқтисодӣ-молиявӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҳошияи форум вохӯрии намояндагони Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин, Бонки содироту воридоти Чин, Беларусбанк ва Бонки рушди Қазоқистон доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории савдо, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва рушди сармояи инсонӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»









Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






