Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» ба давраи зимистони солҳои 2025-2026 пурра омода мебошанд
НОРАК, 13.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳою таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша мегузаронанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд муовини сармуҳандиси неругоҳ Анвар Киромаддинов хабар дод.
То имрӯз мутахассисони ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани маводи зиддилағжиш барои роҳҳои нақлиётии неругоҳ, омода намудани нақлиёт ва механизмҳои хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии бинои “Зилзиласанҷӣ”, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагерро сад фоиз иҷро намудаанд.
Дар айни замон дар Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои навсозии гидроагрегати ҳафтум ва таъмири ҷории баъзе механизмҳои гидроагрегатҳо идома дорад.
Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори Хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Тоҷиддин Зайниддинов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.
Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ маводи зидди лағжиш, намак, маводи сӯзишвории дизелӣ ва сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ ва дизелгенераторҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Масъулини неругоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ дар айни замон дар генераторҳои неругоҳ таъмири ҷорӣ идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






