ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Бо иштироки мототсикл ва скутер 140 ҳодисаи роҳу нақлиёт сабт гардидааст

Сентябрь 23, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби ронандагони мототсикл ва скутерҳо 140 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 51 нафар ба ҳалокат расида, 122 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбачаи ташвиқотӣ ва тарғиботии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин раёсат, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, баланд бардоштани интизоми ронандагони мототсикл, скутер, дучарха ва худравҳои барқӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалиёти мақсадноки «Скутер» оғоз ёфта, то 25 сентябр идома меёбад.

Амалиёт бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат гузаронида мешавад.

Зимни гузаронидани ин амалиёт масъулин  ба қоидаҳои истифодаи мототсикл ва скутер таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Масъулини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар доираи ин амалиёт дар якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни  вохӯрӣ бо ноболиғон масъулин доир ба вазъи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда маълумоти муфассал доданд.

Тадбирҳои андешида ба коҳиш додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо вобаста ба омӯзиши қоидаи ҳаракат равона гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳаракат ба воситаи мототсикл, дучарха, скутер ва худравҳои электронӣ зиёд гардидааст, ки аксари онҳо тавассути наврасону ҷавонон идора мешаванд.

Бархеи онҳо бе донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бе доштани таҷриба ва воситаҳои ҳимоявӣ ба ҳаракат мебароянд, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои садамавӣ, осебгирӣ ва ҳатто ҳолатҳои фоҷиабор мегарданд.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, шумораи ҳодисаҳои нохуш бо иштироки дучархаронҳо, ронандагони мототсикл ва скутер дар роҳҳои автомобилгард зиёд мегардад. Ин вазъ зарурати таҳияи тадбирҳои мушаххасро ба миён меорад, ки ҳадаф аз он пешгирии хатарҳо ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат мебошад.

Масалан, 18 сентябр ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Усарқулов Файзиддин Зайниддинович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Патар» аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба сечархаи электронӣ, таҳти идораи Қаҳҳоров Обид Мамадович, соли таваллудаш 1972, сокини ин шаҳр бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи сечархаи электронӣ Қаҳҳоров Обид Мамадович ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони сечарха Эргашева Гулмира Эргашевна, соли таваллудаш 1972, Султонова Одина Мамадовна, соли таваллудаш 1967 ва хурдсол Фарухзода Муҳамадалӣ, соли таваллудаш 2024, сокинони шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин 19 сентябр ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Зокиров Шаҳзод Маҳмадқулович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда, ба дучархаи барқии «Скутер» таҳти идораи Ҳотамов Рауфҷон Азамҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири ин дучархаи барқӣ Ҳакимова Шаҳноза Абдуғаффоровна, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кӯшониён ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи дучархаи барқӣ Ҳотамов Рауфҷон Азамҷонович бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёд гардидааст. Риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ аз ҷониби наврасон аҳамияти махсус дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бо дучарха ва скутер мераванд, ки ин дар ҷомеа ҳолати нигаронкунанда пеш овардааст.

Коршиносон бар он назаранд, ки аксарияти наврасону ҷавононе, ки мототсикл ё дучарха меронанд, аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ огоҳии кофӣ надоранд. Ба ин гуна хавфу хатарҳо нигоҳ накарда, баъзе волидайн фарзандони худро бо чунин воситаҳо таъмин мекунанд, ки ин метавонад сабаби фоҷиа низ гардад.

Коршиносон пешниҳод менамоянд, ки бо мақсади таъмини амнияти ронандагон ва шаҳрвандон мақомоти дахлдор  бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро барои ҳаракати дучарха, скутер ва мототсикл таҳия намоянд. Инчунин барои дучархасаворон ва мототсиклронҳо роҳравҳои махсус бояд сохта шаванд.

Бояд гуфт, ки дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар пойтахт навсозии роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров- аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад. Дар он аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида ҷудо мегардад, ки аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо аст.

Роҳи алоҳидаи дучархаронӣ танҳо барои истифодаи дучархаронҳо ҷудо мегардад, ки аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо мебошад. Паҳноии роҳи алоҳидаи дучархаронӣ ҳадди ақалл 1,5 метр дар назар дошта шудааст.

Дар оянда зимни сохтмони роҳҳои калон бунёди чунин пайроҳаҳо дар кӯчаҳои дигари пойтахт низ ба назар гирифта мешавад. Зеро бунёди чунин роҳҳо ба пешгирии танбашавӣ ва кам шудани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад. Чунин роҳҳо на танҳо барои дучархасаворон, балки барои кӯдакону наврасоне, ки аз «самокат» ва «скутер»-ҳо истифода мебаранд, мувофиқ аст.

Дар ин роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Бо назардошти рушди шаҳрҳо ва зиёд шудани аҳолӣ танзими дурусти истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт, махсусан байни қишри ҷавони ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Танҳо дар ҳолати ҳамкории тамоми сохторҳои марбута метавон ба коҳиши хатарҳо ва таъмини бехатарии шаҳрвандон ноил гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ доир шуд
Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар тамринҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар Британияи Кабир иштирок намуданд
Gallup: Тоҷикистон аз ҷиҳати амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи якум қарор гирифт
Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон шомил шуд
Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии амнияти ҷамъиятӣ иштирок намуд
Шурои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулода масоили бартарафсозии офатҳои табииро баррасӣ намуд
Дар Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» оғоз шуд
Низомиёни тоҷик дар тамринҳои «Марз-2025» иштирок доранд
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ИДМ доир мешавад