Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд.
Роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад. Амалӣ шудани ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи беҳтарсозии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор масоҳати умумии 54,1 километр ва паҳноии 10 метрро дар бар гирифта, ба ду қитъа – Қитъаи А 30 км. ва Қитъаи Б 24,1 км. ҷудо карда шудааст.
Сабаби ба ду қитъа ҷудо намудани роҳи лоиҳавӣ ба ҳаҷми зиёди корҳо ва мушкилии вобаста ба иқлим рабт дода мешавад. Корҳои лоиҳакашӣ пурра ба анҷом расида, хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ низ гирифта шудааст.
Дар доираи лоиҳа, дар баробари навсозии роҳ ҳамзамон сохтмони пулҳо, қубурҳои обгузар, танбадеворҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, насби деворҳои ҳимоявӣ ва хатти равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории сохтмони роҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд анҷом меёбад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди соҳа дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар, ки дорои табиати нотакрор ва назаррабо, олами ғании набототу ҳайвонот, шаршараю рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, заминаи устувор мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст, аз ин рӯ сохтмони роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба муаррифии захираю иқтидорҳои сайёҳии Балҷувон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии лоиҳа зикр намуданд, ки рушди шабакаи роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро роҳҳо на танҳо воситаи муҳим барои алоқаи мардуманд, балки заминаи рушду шукуфоии деҳот, густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ ба ҳисоб мераванд.