Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 16, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад.

Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад.

Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад.

Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ 1,18 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элит-Строй-Сервис” мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба анҷом расонида шудааст.

Соҳибкорони ватанӣ аз 1 июли соли 2023 ба муҳлати 20 сол бо ширкати Интерконтинентал Ҳотелз Групи Лондон (Intercontinental Hotels Group) таҳти бренди “Кровн Плаза” (Crowne Plaza) шартнома ба имзо расонида буданд.

Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст.

Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи дуюм толорҳои конфронс бо номҳои зебои марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар номгузорӣ шуда, инчунин макони баргузории вохӯриҳои сатҳи баланд, омода гардидааст.

Дар ду қабат таҳхонаи бинои меҳмонхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 нақлиёт ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ сохта шудааст.

Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибикорони ватанӣ бунёд гардид.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад.

Дар маркази калони тиҷоратӣ, ки аз 18 ошёна иборат мебошад, барои доираҳои васеи соҳибкорӣ шароити муосири кор фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, аз ошёнаҳои аз 1 то 8 идораи маъмурии ширкатҳо ва дар ошёнаҳои аз 9 то 18 дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст. Баъди ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ дар ин ҷо барои 100 нафар ҷои кори доимӣ ташкил гардид.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.

Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ ҳамзамон ба пойтахти кишвар зебогии нав зам гардид.

Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Кровн Плаза Душанбе” Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, онҳоро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” 16.09.2025

Сентябрь 16, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ